Хабар

Шиносоии Сарвазири мамлакат бо рафти корҳои сохтмонии корхонаҳои истеҳсолии Минтақаи озоди иқтисодии Данғара

 Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо рафти корҳои сохтмонии корхонаҳои гуногуни истеҳсолии Минтақаи озоди иқтисодии Данғара шинос шуд.
Зимни ин сафар Сарвазири мамлакат ва ҳайати ҳамроҳонаш аз мавзеи бунёди Корхонаҳои конструксияҳои металлии  «Металлопласт», Корхонаи коркарди нафт ва Корхонаи истеҳсоли семент  дидан карданд.

Тайи нимсола варзишгарони Хатлон 736 медал ба даст оварданд

Тӯли шаш моҳи соли равон варзишгарони вилояти Хатлон дар 42 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, 21 мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, ҳамагӣ 736 медал ба даст оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 172 медал зиёд мебошад, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси  вилояти Хатлон.

Машварати корӣ дар назди Пешвои миллат

Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи кишвар машварати корӣ доир намуд.

Страницы