Расонаҳо аз кушиши табаддулоти давлатӣ дар Туркия хабар медиҳанд
Опубликовано сб, 16/07/2016 - 09:06 пользователем tvtибқи хабарҳои расонаҳои иттилоотии Ҷумҳурии Туркия ва Федератсияи Русия шаби 15 ба 16 июли соли равон дар Туркия аз тарафи як гурӯҳ ҳарбиён кушиши анҷом додани табаддулоти давлатӣ сурат гирифтааст.
Аз ҷумла агентии «Anadolu» дар бораи ба ҳалокат расидани 17 кормандони пулис дар назди ситоди марказии неруҳои таъиноти махсуси Туркия хабар додааст. Нашрияи «Hürriyet» оид ба тирпаронии ҳарбиён ба сӯи издиҳоми одамон, ки ҷониби купруки Босфор ҳаракат доштанд иттилоъ пешкаш кардааст.