Хабар

Рустами Эмомалӣ даъват намуд, ки мубориза бо ҷиноятҳои коррупсионӣ тақвият дода шавад

Рустами Эмомалӣ, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентӣ, ки дар Душанбе доир гардид, ба масъулон оид ба тақвият бахшидани мубориза бо ҷиноятҳои коррупсионӣ дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Ҷумҳурии Туркия қарор доранд

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки  бинобар сабаби ҳодисаҳои охир дар Ҷумҳурии Туркия, хусусан пойтахти он-шаҳри Анкара ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия ва Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул супориш дода шудааст, то ба мақсади таъмини амнияти шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин кишвар иқомат доранд, чораҳои зарурӣ андешад.

Медалҳои нуқраи тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Чин

Мусобиқаи байналмилалии  «Роҳи абрешим-Хуашан-2016» дар Ҷумҳурии Халқии Чин ба анҷом расид. Тими мунтахаби футболи наврасони то 16 -солаи Тоҷикистон дар вохӯрии охирини худ бар мизбони мусобиқот, тими мунтахаби Чин бо натиҷаи 1:0 ғалаба карда, соҳиби медалҳои нуқраи мусобиқа гардид.
Дар бозии дуввуми рӯз  футболбозони Кореяи Ҷанубӣ бар тими мунтахаби наврасони Туркманистон бо ҳисоби 3:0 пирӯз гардиданд.

Страницы