Хабар

Ҳамлаи маргбор дар рӯзи таҷлил аз истиқлоли Фаронса

Дар шаҳри Нитсаи Франсия ҳангоми таҷлил аз ҷашни миллии ин кишвар — Рӯзи гирифтани Бастилия як мошини борбар тахмин соати 22:30 бо вақти маҳаллӣ ба анбуҳи мардум  бархӯрда,  сипас силоҳдорон сӯи одамон тир кушодаанд. Вазири корҳои дохилии Фаронса мегӯяд, дар пайи ин ҳодиса бар асоси иттилои охирин 80 нафар кушта шуда, вазъи 18 тан аз маҷруҳон вазнин гуфта мешавад.

Дар Кумитаи телевизион ва радио нишасти матбуотӣ доир гашт

Субҳи имрӯз дар маҷлисгоҳи Радиои Тоҷикистон нишасти матбуотии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма доир гардид.
Роҳбарияти Кумита ва директорону кормандони зерсохторҳои Кумита ба пурсишҳои намояндагони ВАО посух гуфтанд.

Тафсилоти бештар нашр хоҳад шуд.

Манъи ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар маркази пойтахт вобаста ба тамрин

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт то 18 августи соли равон ба муддати се соат -15:00 то 18:00 дар  роҳи мошингарди хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ва аз 19 август то 7 сентябр аз  соати 19:00 то 22:00 дар хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи Шотемур то буриши кӯчаи Бухоро, майдони «Дӯстӣ») ғайр аз рӯзҳои якшанбе  манъ карда мешавад.

Страницы