Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Ховалингро мавриди истифода қарор доданд
Опубликовано пт, 06/09/2024 - 09:05 пользователем tvtДУШАНБЕ, 05.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати шаҳраки Ховалинги ноҳияи Ховалинг бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи хотиравӣ бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияро ба истифода дода, бо шароити кору фаъолият ва хизматрасонӣ дар он шинос шуданд.