Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг бинои нави шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаро ба истифода доданд
Опубликовано пт, 06/09/2024 - 08:48 пользователем tvtДУШАНБЕ, 05.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати шаҳраки Ховалинг бинои маъмурии шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияро, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.