Хабар

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон боғи фарҳангӣ-фароғатиро дар маркази ноҳияи Мӯъминобод мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Мӯъминобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боғи муҳташаму зебои фарҳангӣ-фароғатии ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Аҳли фарҳанг Сарвари давлатро бо самимияти хосса истиқбол гирифта, барои чунин ҳадяи арзишманд изҳори миннатдорӣ намуданд.

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон

25.09.2020, ноҳияи Мӯъминобод

Ҳамдиёрони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯзҳо тамоми мардуми шарифи кишвар, аз ҷумла сокинони  заҳматдӯсти ноҳияи Мӯъминобод дар арафаи омодагӣ ба таҷлили сисолагии истиқлоли давлатӣ, ки муҳимтарин санаи таърихӣ барои халқи куҳанбунёди тоҷик мебошад, қарор доранд ва корҳои созандагиву ободонии Ватани азизамонро рӯз ба рӯз вусъат мебахшанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҳолати истифодаи замини наздиҳавлигӣ дар манзили истиқоматии шаҳрванд Абдуфаёз Одинаев дар ноҳияи Мӯъминобод шинос шуданд

Дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба манзили истиқоматии шаҳрванд Абдуфаёз Одинаев ташриф оварда, бо ҳолати истифодаи замини наздиҳавлигии ин хонадон шинос шуданд.

Оилаи Одинаевҳо 37 садяк замини наздиҳавлигӣ дар ихтиёр дошта, онро самаранок истифода мебаранд.

Страницы