Хабар

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Заркамари ноҳияи Мӯъминобод ба фаъолияти корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дуоб-Р» оғозӣ расмӣ бахшиданд

25 сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар деҳаи Заркамари ноҳияи Мӯъминобод ба фаъолияти корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дуоб-Р» оғози расмӣ бахшиданд.

Коргоҳи мазкур аз ду сехи коркарди меваю сабзавот ва маҳсулоти ширӣ иборат буда, аз ҷониби соҳибкорон Файзалӣ ва Ҳасанҷон Забировҳо таъсис дода шудааст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди «Чилдухтарон-Ховалинг»-ро ифтитоҳ намуданд

Нимаи дуюми 24 сентябр дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Паҳндараи деҳоти Чилдухтарони ноҳияи Мӯъминобод роҳи мошингарди “Чилдухтарон-Ховалинг”-ро ифтитоҳ карданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи сайёҳии «Чилдухтарон»-ро дар ноҳияи Мӯъминобод ифтитоҳ намуданд

Дар идомаи боздиди корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Чилдухтарони ноҳияи Мӯъминобод марҳилаи аввали Маҷмааи сайёҳии  “Чилдухтарон”-ро ифтитоҳ карданд.

Страницы