Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шамсиддини Шоҳинро ба истифода супурданд
Опубликовано чт, 24/09/2020 - 17:52 пользователем admin224 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зистро ба истифода супурданд.
Бинои навбунёд ва хуштарҳу замонавии бахши ҳифзи муҳити зист аз се ошёна иборат буда, дорои 10 утоқи корӣ, маҷлисгоҳ, осорхона ва меҳмонхона мебошад.