Хабар

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб»-ро ифтитоҳ намуданд

23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои меҳмонхона ва маркази ҳунарҳои мардумии «Шарора»-ро дар шаҳри Кӯлоб мавриди истифода қарор доданд

Дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи наву замонавии “Шарора”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Меҳмонхонаи сеошёна аз 18 ҳуҷра иборат буда, имкони қабули 40 нафар мизоҷро дорад.

Он аз ҷониби бонуи соҳибкор Шарора Ҳакимзода ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.

Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни корҳои навсозии роҳи мошингард, таъмир ва чароғонкунии 11,57 километр роҳ, муаррифии марҳилаи якуми лоиҳаи бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии шаҳри Кӯлоб ва лоиҳаҳои партовҳои сахти маишӣ дар шаҳри Кӯлоб

Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб бо ҷараёни корҳои навсозии роҳи мошингард, таъмир ва чароғонкунии 11,57 километр роҳ, муаррифии марҳилаи якуми лоиҳаи бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии шаҳри Кӯлоб ва лоиҳаҳои партовҳои сахти маишӣ дар шаҳр шинос шуданд.

Страницы