Хабар

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои истиқоматиро барои кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ мавриди истифода қарор доданд

Дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бинои 3 — ошёнаи истиқоматӣ барои кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо тарҳи хеле зебо бунёд гардидааст, бо буридани лентаи рамзӣ мавриди истифода қарор доданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои Комиссариати ҳарбии ноҳияи Восеъро ифтитоҳ намуданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар ноҳияи Восеъ бинои Комиссариати ҳарбии ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои Комиссариати ҳарбии ноҳияи Восеъ, аз ду ошёна иборат буда, он дар масоҳати 460 метри мураббаъ бо тарҳи меъмории миллӣ бунёд карда шудааст.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар ноҳияи Восеъ ифтитоҳ намуданд

24 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъро ифтитоҳ карданд.

Иншоот аз се ошёна иборат буда, дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Ҳулбук бо тарҳи муосир бунёд гардидааст.

Страницы