Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Восеъ Саноат»-ро дар ноҳияи Восеъ ифтитоҳ намуданд
Опубликовано чт, 24/09/2020 - 13:32 пользователем adminДар доираи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ ҳамчунин Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Восеъ Саноат”-ро барои истеҳсоли шифери азбестӣ ифтитоҳ намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пардабардорӣ ва пахши тугма ба фаъолияти корхона оғоз бахшида, бо иқтидор ва имконоти истеҳсолии коргоҳи навбунёд аз наздик шинос шуданд.