Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Ванҷ мулоқот намуданд
Опубликовано ср, 16/08/2023 - 11:38 пользователем tvt16 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ванҷ бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқоти самимӣ доир намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба сокинони меҳмоннавози ноҳияи Ванҷ барои пазироии самимӣ ва ба соҳибкорону шахсони саховатпеша ҷиҳати идомаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ арзи сипос намуданд.