Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар сарбанди асосии Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд
Опубликовано ср, 09/08/2023 - 11:36 пользователем tvt9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар қисмати ядрои сарбанди асосии Неругоҳи барқи обии “Роғун” шинос шуданд.
Ядрои сарбанд аз иншооти муҳими неругоҳ ба шумор рафта, корҳои сохтмониву васлгариро дар он мутахассисони ватанию хориҷӣ дар асоси нақша бо сатҳу сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ иҷро мекунанд.