Хабар

Ду агрегати нахустини НБО-и «Роғун» ба маблағи беш аз 1,5 миллиард сомонӣ неруи барқ истеҳсол намудаанд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо бунёдгарони Неругоҳи барқи обии «Роғун» иттилоъ доданд, ки аз оғози фаъолияти ду агрегати аввалини неругоҳ, ки бо фишори пасти обанбори тозабунёд фаъолият менамоянд, то имрӯз аллакай зиёда аз 6,4 миллиард киловатт – соат неруи барқ ба маблағи беш аз 1,5 миллиард сомонӣ истеҳсол ва ба низоми ягонаи энергетикии мамлакат интиқол дода шудааст.

БА ИФТИХОРИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Ҳисор 400 иншооти гуногун ба истифода дода шуданд

Дар доираи ҷашни 35-солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон дар маркази шаҳри Ҳисор ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот корҳои ободонӣ вусъат ёфта, бунёду барқарорсозии 1675 иншооти таъйиноти гуногун  ба нақша гирифта шудааст. Аз ин 38 корхонаи истеҳсолию саноатӣ, 40 иншооти соҳаи кишоварзӣ, 60 иншооти соҳаи маориф, 44 иншооти соҳаи тандурустӣ, 11 иншооти соҳаи фарҳанг, 54 иншооти соҳаи варзиш, 11 иншооти соҳаи сайёҳӣ ва дигар иншоот мебошанд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии ширкати «Войт Ҳайдро» Герхард Сейрлингро ба ҳузур пазируфтанд

 9 август дар шаҳри Роғун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии ширкати «Войт Ҳайдро» Герхард Сейрлингро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати «Войт Ҳайдро» оид ба иҷрои уҳдадориҳои дуҷониба дар таъмини иншооти гидроэнергетикии Неругоҳи барқи обии “Роғун” бо таҷҳизоти гидромеханикӣ ва электромеханикӣ муҳокима гардид.

Страницы