Хабар

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо бунёдгарони Неругоҳи барқи обии «Роғун»

Муҳтарам бунёдгарони неругоҳи барқи обии «Роғун»!
Ҳозирини гиромӣ!

Аз шиносоии охирини мо бо ҷараёни корҳои сохтмони неругоҳи барқи обии «Роғун» ва вохӯрӣ бо шумо як сол сипарӣ гардид.

Мо дар ҷараёни сафари кории худ бори дигар бо вазъи корҳо аз наздик шинос шудем ва мушоҳида кардем, ки бо заҳмати содиқонаи шумо – бунёдгарони иншооти муҳимми аср дар аксари қитъаҳои сохтмон корҳо хеле пеш рафтаанд.

Ба истифода додани ошхонаи ҶСК “Тоҷикгидроэлектромантаж” дар Неругоҳи барқи обии “Роғун”

9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” ошхонаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромантаж”-ро ба истифода супориданд.

Боздид аз рафти корҳои васлу насби марҳилаи 3-юми хати конвеерӣ дар дохили нақби КТ-9-и Неругоҳи барқи обии “Роғун”

9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” бо рафти корҳои васлу насби марҳилаи 3-юми хати конвеерӣ дар дохили нақби КТ-9 шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дарозии умумии хати конвеерӣ дар марҳилаи сеюм 7 ҳазору 500 метрро ташкил намуда, аз он 2 ҳазору 95 метраш аз дохили нақб мегузарад.

Страницы