Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои Коллеҷи хусусии тиббиро дар ноҳияи Восеъ ифтитоҳ намуданд
Опубликовано чт, 24/09/2020 - 16:23 пользователем admin224 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Восеъободи калони деҳоти ба номи Абдӣ Авазови ноҳияи Восеъ Коллеҷи хусусии тиббиро, ки бо тарҳи хеле зебо ва дар масоҳати умумии 4 га барои 800 нафар донишҷӯ дар ду баст бунёд гардидааст, бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ифтитоҳ намуданд.