45 нафар занони вилояти Суғд аз грантҳои президентӣ барои эҳёи ҳунарҳои миллӣ истифода мебаранд

45 нафар занону духтарони ҳунарманд аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд  соҳиби гранти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят  гардида, минбаъд бо ин маблағ 464 нафар занони хонанишинро соҳиби касб ва ҷойи кор хоҳанд кард. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Тавре манбаъ хабар дод, дар маросими тақдими грантҳо Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зикр кард, ки татбиқи ин грантҳо имкон медиҳад занони хонанишин соҳиби касб гардида, шароити иҷтимоии оилавии хешро беҳтар созанд.

Зикр гардид, ки   барои дарёфти грант ҷиҳати эҳёи ҳунарҳои миллӣ, аз қабили ташкили маҳфил ва коргоҳҳои қолинбофӣ, адрасбофӣ, дӯзандагӣ, гулдӯзӣ, рушди асалпарварӣ, маҳфили манзаранигорӣ, рассомӣ ва таъсиси марказҳои ҳунаромӯзӣ аз ҷониби соҳибкорзанон лоиҳаҳо пешниҳод шуданд.

Ҳамзамон  226 маркази таълимӣ—истеҳсолӣ, ки 66 адади он ба қолинбофӣ ва 160 адади дигар ба истеҳсоли атласу адрас машғул мебошанд, дар ин муддат қариб 3000 нафар шогирдонро ба  ҳунаромӯзӣ фаро гирифта, бо ҷои кор таъмин намуданд.

Бояд гуфт, ки теъдоди грантҳо соли равон нисбат ба соли гузашта 15 адад ва маблағи онҳо 105 ҳазор сомонӣ зиёд гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки  ҳамасола ҷиҳати рушди фаъолияти соҳибкории занону бонувон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон грантҳои президентӣ ҷудо карда мешаванд. Шумораи умумии соҳибкорзанони вилоят, ки ба гирифтани гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гаштаанд, 16 нафарро ташкил медиҳад.

АМИТ "Ховар"