450 млн сомонӣ барои гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа пешниҳод шудааст

Бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба соҳибкорони ватанӣ тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сабукиҳои зиёди андозӣ ва имтиёзу ҷубронпулиҳо ба маблағи беш аз 450 млн сомонӣ пешниҳод карда шуданд.

Ин нуктаро Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ зикр намуда, қайд карданд, ки дар соли 2020 аз тарафи ташкилоти қарзӣ ҷиҳати коҳиш додани таъсири пандемия ба зиёда аз 260 ҳазор нафар муштариён ба маблағи 2 млрд 300 млн сомонӣ имтиёзҳои вобаста ба қарздорӣ пешниҳод гардида, ба соҳибкорони истеҳсолӣ 4 млрд сомонӣ қарз дода шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2019 2% зиёд мебошад.

Бояд гуфт, ки ҳоло ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа гашта истодааст.

Манбаъ: https://radiotoj.tj

Tags: