Абдуҷаббор Раҳмонзода дар Иттифоқи композиторони Тоҷикистон масъалаи рушду такомули санъати мусиқии миллии тоҷикро баррасӣ кард

Бо мақсади рушди минбаъдаи ҳаёти фарҳангии ҷомеа, инчунин дар сатҳи баланди касбию фарҳангӣ таҷлил намудани тантанаҳои ҷашнҳои таърихию сиёсӣ вохӯрии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷҷабор Раҳмонзода бо аҳли эҷод – аъзои Иттифоқи композиторони Тоҷикистон доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва рушду такомули санъати мусиқии миллии тоҷик баррасӣ гардида, аз ҷониби Абдуҷҷабор Раҳмонзода вобаста ба ташаккули раванди нерӯи эҷодӣ, дарёфти чеҳраҳои нави композиторӣ ва иҷрокунандагӣ,  рушди санъати  мусиқии касбии миллӣ, тавсеаи минбаъдаи фаъолияти аъзои Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ҷиҳати эҷоди асарҳои мусиқии баландғояи замонавӣ, инчунин оммавигардонии жанрҳои гуногуни мусиқии касбӣ ва ташаккули ҷанбаи дунявии фарҳанги мусиқии муосири тоҷикон вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.

Ҳамзамон, ҷиҳати фароҳам овардани шароит баҳри татбиқи имкониятҳои эҷодии композиторони ҷавон, беҳтар гардонидани сифат ва самараи фаъолияти таълимӣ ва  ҳавасмандгардонии нерӯи эҷодӣ ба масъулини соҳа дастур дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади тарғиби дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, баланд бардоштани нақши аҳли эҷод дар тарбияи маънавӣ ва сиёсии ҷомеа аз ҷониби Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни суруду оҳанги беҳтарин таҳти унвони «Навои Истиқлол» роҳандозӣ мегардад.

Дар вохӯрии мазкур Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ва Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид низ ширкат доштанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: