Абдулло Раҳмонзода: Сарони давлатҳои СҲШ ҳамеша мекӯшанд, то ҷавонон аз ҳар гуна амалҳои террористӣ дур бошанд

16 сентябр дар Китобхонаи миллии  Тоҷикистон дар ҳошияи Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай, Шӯрои ҷавонони СҲШ ва 20 – солагии СҲШ ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки дар кори он аъзои қисмҳои миллии Шӯрои ҷавонони СҲШ ширкат доштанд, хабар доданд аз шуъбаи иттилоотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар”. 

Ҷаласаро Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, раиси Шӯрои ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай дар соли 2021 Абдулло Раҳмонзода   оғоз бахшида, оид ба фаъолияти Шӯро ва нақши он дар амалисозии ҳадафҳои СҲШ сухан гуфт.

Мавсуф иброз дошт, ки “сарони давлатҳои СҲШ ҳамеша мекӯшанд, ки ҷавонон аз ҳар гуна созмонҳои террористӣ ва ҳаракатҳои ифротгаро дур бошанд. Бо назардошти таҳдидҳои афзояндаи дар боло зикршуда тақвият додани ҳамкории бисёрҷониба бо мақсади пешгирии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои харобиовар зарур аст. Мақсади асосии мо низ ҳамин аст, ки ҷавононро ба роҳи рост равона намоем”.

Дар ҷаласа аъзои шӯро аз кишварҳои Чин, Русия, Узбекистон, Қазоқистон, Ҳиндустон, Покистон ва Қирғизистон фосилавӣ сухан гуфта, мавқеи ҳадафҳои шӯроро дар таҳкими густариши муносибатҳо дар самти кор бо ҷавонони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай муайян намуданд.

Дар ҷамъбасти ҷаласа ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани фаъолияти минбаъдаи Шӯрои ҷавонони СҲШ қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, санад тартиб дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соли 2021 раисии се шӯро- Шӯрои кор бо ҷавонони СҲШ, Шӯрои кор бо ҷавонони ИДМ ва  Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши ИДМ- ро ба уҳда дорад.

АМИТ «Ховар»