Агентӣ: Рӯзҳои охири ҳафта боронӣ мешаванд

Агентии обуҳавошиносии кишвар пешгӯӣ кардааст, ки ҳавои имрӯзаи кишвар абрноку боронӣ буда дар манотиқи гунонун эҳтимоли резиши барф низ вуҷуд дорад.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво аз 12 то 14 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва дар баъзе ҷойҳо бориши борону барф дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят то 5 дараҷа гарм шуда, дар шарқи он аз 8 то 13 дараҷа хунукӣ пешгӯӣ мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барфу борон ва туман пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония ва дар баъзе ҷойҳо аз 15 то 20 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво аз 10 то 15 дараҷа гарм шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорати ҳаво аз 6 то 11 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок пешбинӣ гардида, дар баъзе ҷойҳо бориши борону барфи кӯтоҳмуддат дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония ва дар баъзе ҷойҳо аз 12 то 17 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона аз 4 то 9 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар доманакӯҳҳо аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи абрнок шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои алоҳида барф борида, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо аз 10 то 15 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Tags: