Агентии обуҳавошиносӣ аз баланд шудани ҳарорат дар Тоҷикистон хабар медиҳад

 Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрноки бебориш шуда, вазиши шамол дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр дар назар дошта шудааст.

Имрӯз, 13 апрел дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8-13 ва рӯзона 22-27 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 2-3 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 6-11 дараҷа сард ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳаво офтобӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 9-4 ва рӯзона 27-32 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, ҳарорат шабона дар водиҳо 6-11 ва рӯзона 25-30 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, ҳаво шабона 7-9 ва рӯзона 27-29 дараҷа гарм мешавад.

АМИТ "Ховар"

Tags: