«АКСИ САДОИ ОСИЁ». Мастона Собирзода дар Фестивали XIII байналмилалии ҳунарҳои сирк иштирок мекунад

ТВТ.06.08.2022. Аз 10 то 14 август дар Ҷумҳурии Қазоқистон Фестивали XIII байналмилалии ҳунарҳои сирки «Акси садои Осиё» («ЭХО Азии») баргузор мегардад, ки дар он аз Тоҷикистон ҳунарманд Мастона Собирзода  ва Директори Сирки тоҷик Бахтиёр Раҳматуллозода иштирок мекунанд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» муовини аввали Директори Сирки давлатии Тоҷикистон Қурбоналӣ Зоиров.

Мавсуф иттилоъ дод, ки дар фестивали мазкур Директори Сирки давлатии Тоҷикистон Бахтиёр Раҳматулозода ба ҳайси узви ҳакамон иштирок мекунад.

«Мастона Собирова дар номинаи «Алвон», яъне гимнастикаи ҳавоӣ ҳунари худро пешниҳоди иштирокдорон мегардонад»,-гуфт Қурбоналӣ Зоиров.

Бояд гуфт, ки Фестивали байналмилалии ҳунарҳои сирки «Акси садои Осиё»  соли 2007 таъсис ёфта, дар он аз тамоми ҷаҳон ҳунармандони сирк иштирок мекунанд.

Тавре сомонаи ticketon.kz  иттилоъ додааст, имсол дар фестивал ҳудуди 50 нафар ҳунармандони сирк аз Фаронса, Ветнам, Молдова, Исроил, Чин, Қирғизистон, Муғулистон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистон ширкат мекунанд. Дар он ҳунармандон дар намуди  акробатика, гимнастика, эквилибристика баромад намуда, ҳунару истеъдоди худро ба мухлисону ҳаводорони санъати сирк намоиш медиҳанд. Инчунин ҳунарнамоии бомаҳорат, манзараҳои рангоранг, воситаҳои махсус ва либосҳои дурахшон ба тамошобинони  фестивал эҳсосоти фаромӯшнашаванда мебахшанд. Ҳадаф аз баргузории фестивал- таҳкими робитаҳои дастаҳои сирки кишварҳои гуногун мебошад.

Бинобар сабаби пандемияи коронавирус ин фестивал тайи ду сол доир нагардид.

Ёдовар мешавем, ки дар Фестивали XII байналмилалии ҳунарҳои сирки «Акси садои Осиё», ки аз 29 июн то 11 июли соли 2019 дар шаҳри Нур-Султони Қазоқистон доир гардида буд, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳунарманди ҷавони сирки тоҷик Муҳаммад Шарифзода иштирок намуда, баҳои баланди ҳакамон ва тамошобинонро ба даст овард.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: