Баргузории ҳамоиш таҳти унвони «Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат»

Дирӯз дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе бахшида ба Соли ҷавонон таҳти унвони «Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат» ҳамоиш баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҳамоиш намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ва аъзои фаъоли гурӯҳи «Авандгард» ширкат доштанд.
Дар ҳамоиш зикр гардид, ки эълон гардидани Соли ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо на танҳо боиси шодию фараҳмандист, балки натиҷаи кору пайкори ҷавонони кишвар дар ҷодаи бунёдкориҳо, ободонии Ватан, кумаку ҳамдастии гурӯҳҳо ва табақаҳои мухталифи насли ҷавон аст.
Баъдан аз ҷониби меҳмонон дар мавзӯъҳои «Вазъи ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон», «Саҳми ҷавонон дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ» ва «Бонувон аз нигоҳи Пешвои миллат» маърӯзаҳо хонда шуданд.

АМИТ "Ховар"