«Барқчӣ” 4 бозингари “Истиқлол”-ро иҷора гирифт

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе чор нафар бозингарони худро ба дастаи «Барқчӣ» ба иҷора додааст. Дар ин хусус сомонаи расмии КФ «Истиқлол» хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ чор нафар бозингарон-Шериддин Бобоев, Амирҷон Сафаров, Оятулло Сафаров ва Артур Шабрин то охири мавсими футболи соли 2017 дар  КФ «Барқчӣ» бозӣ хоҳанд кард. Гуфта мешавад, дар ҳолатҳои зарурӣ «Истиқлол» метавонад бозингаронро аз нав ба даста баргардонад.

Tags: