Барқияи тасаллияти Пешвои миллат ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Мишел Мигел Элиас Темер Лулиа

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Мишел Мигел Элиас Темер Лулиа барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари суқути  ҳавопаймои мусофирбар, ки бар асари он даҳҳо шаҳрванд ҷони худро аз даст доданд, боиси андуҳи мо гардид.

Ба мардуми дусти Бразилия изҳори тасаллият намуда, хоҳиш мекунам, ки ҳамдардии самимии моро ба пайвандон ва наздикони ҳалокшудагон бирасонед.

Ба осебдидагон шифои ҳарчи зудтару комил мехоҳам».