Барои дарёфти ҷоизаи Зебуниссо Рустамова мусобиқаи камонварӣ доир мегардад

Аз 4 то 6 августи соли 2018 дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба камонварӣ баргузор мегардад.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мусобиқаи кушод оид ба камонварӣ   барои дарёфти ҷоизаи Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, чемпиони ҷаҳон ва дорандаи медали Бозиҳои олимпӣ Зебуниссо Рустамова  доир шуда, дар он зиёда  аз 60 нафар варзишгарон аз дастаҳои «Душанбе-1», «Душанбе-2», «Суғд-1», «Суғд-2» ва ШНТМ иштирок менамоянд.

Мақсад аз роҳандозӣ намудани мусобиқаи мазкур ин тарғибу ташвиқи камонварӣ байни калонсолон, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон ва муайян намудани узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

АМИТ «Ховар»

Tags: