Баррасии «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар Душанбе

дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба шарҳи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҳамоиш баргузор гардид.
Дар ҳамоиш муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатзод хусусиятҳо, афзалиятҳо ва ҳадафҳои ҳуҷҷати стратегиро ба таври муфассал шарҳ дод.
«Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дуввумин стратегияи дарозмуддати рушди кишвар дар таърихи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар он ҳадаф ва афзалиятҳои рушди дарозмуддат бо назардошти сабақҳои андӯхта, орзуву ниятҳои мардуми кишвар, захираву имкониятҳои мавҷуда, омилҳои беруниву дохилӣ ва пешбиниҳои раванди сиёсиву иқтисодии ҷаҳониву минтақавӣ муайян карда шудаанд»,-иброз дошт Умед Давлатзод.
Стратегияи навбатӣ чор ҳадаф-таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахшт неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан, таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва ниҳоят вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро фаро мегирад.
У. Давлатзод ҳадафи аввал -таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқро шарҳ дода, иброз намуд, ки истиқлолияти энергетикӣ бояд ба воситаи афзун кардани истеҳсоли неруи барқ таъмин карда шавад. Мо амнияти истиқлолияти энергетикиро ба воситаи афзун кардани иқтидорҳои истеҳсолкунандаи неруи барқ таъмин мекунем, вале дар баробари ин қисмати истеъмоли мо бояд самарабахш ва сифатнок бошад. Ин ҳадафи стратегӣ дар стратегияи нав ба категорияи сифатӣ табдил меёбад.
Зимни шарҳи ҳадафи дуюм-аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан зикр гардид, ки он ҳадафе, ки дар стратегияи қаблӣ буд, таъмин шуд. Яъне, роҳҳои мошингард байни минтақаҳо ба истифода дода шуданд. Дар стратегияи мазкур тамоми ин нишондиҳандаҳо аз миқдор ба сифат мегузаранд. Ин роҳҳо сохта шуданд, лекин то кадом андоза самараи иқтисодӣ медиҳанд-ин аст мақсад барои 15 соли оянда. «Коммуникатсия фақат нақлиёт нест, коммуникатсия, пеш аз ҳама, ин хатҳои интиқоли барқ аст, яъне лоиҳаи КАСА -1000 аст, ки ба мо имкон медиҳад ба ғайр аз он ки неруи барқи худамонро мефурӯшем, боз аз транзити неруи барқи Қирғизистон даромад гирем»,- илова намуд У. Давлатзод.
Таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифатро, ки ҳадафи сеюми стратегия аст, ба андешаи У. Давлатзод дар стратегияҳои минбаъда ҳам ҷой дода мешавад, чунки инсон то вақте ҳаст, талабот ба амнияти озуқаворӣ барои ҳама боқӣ мемонад. Амнияти озуқаворӣ аз лиҳози стратегияи пешина дар як унсур-унсури истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ҷавобгӯй ба талаботи мардум баҳодиҳӣ мешуд. Амнияти озуқаворӣ дар стратегияи нав чор унсурро- ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, дастрасии иқтисодии он, яъне аз лиҳози нарх бояд маҳсулоти кишоварзӣ барои мардум дастрас бошад, муназзамии он ва чорум амнияти озуқавориро, ки барои мардум зараррасон набошад, фарогир аст.
Ба ҳадафи чорум-вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул тамоми ислоҳоти давлатӣ ва иқтисодӣ бояд равона карда шавад, то дар навбати аввал мардум бо ҷойи корӣ ва шуғли пурмаҳсул ва шоиста таъмин гардад.
Дар бахши воқеии иқтисодиёти стратегияи қаблӣ се ҳадафи миқдорӣ 9 солро фаро гирифт ва стратегияи навбатӣ чор ҳадафи сифатиро бо фарогирии 15 сол дар бар мегирад. Стратегия аз се марҳила-якум (солҳои 2016-2020) гузариш ба модели нави рушди иқтисодӣ, ба сармоягузориҳо, афзоиши итеҳсолоти ба содирот ва воридотивазкунӣ, дуюм (солҳои 2021-2025) гузариш ба рушди босуръат, ки дар сармоягузориҳо асос меёбад ва сеюм (солҳои 2026-2030) гузариш ба рушди диверсификатсияи истеҳсолоти ба донишу навовариҳо асосёфта нигаронида шудааст.
Дар таҳияи стратегия натиҷаҳои пурсишномаҳои зиёда аз 40 вазорату идора ва намояндагони шарикони рушд, хулоса ва натиҷаҳои умумии беш аз 50 вохӯрии корӣ бо коршиносони миллӣ, маҳаллӣ ва байналмилалӣ истифода шуда, дар ҷараёни стратегия 11 машварат сурат гирифтааст.
Дар ҷаласа намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО иштирок ва суханронӣ намуданд. Таъкид шуд, ки Стратегияи мазкур барои таъмини рушди устувори кишвар, интихоби усулҳои заминавии аз ҷиҳати илмӣ асоснокшуда, ки рушди ояндасозии иқтисодиёти миллӣ ва ҷамъиятро фароҳам меорад, пешбинӣ гардидааст.
«Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҳамчун нақшаи амалӣ барои тамоми мақомоти давлатӣ ва нақшаи махсус барои бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дониста шуда, дар он барномаҳои кумакӣ ва молиявии кишвар дарҷ шудаанд.
Иштирокчиёни ҷаласа вобаста ба паҳлуҳои дигари «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» табодули афкор намуданд.

 

 

Tags: