Беҳтарин футболбози ҷаҳон муайян гардид

Сарвони тими мунтахаби Португалия ва дастаи шоҳонаи «Реал Мадрид» аз рӯи назарсанҷии ФИФА аз рақиби ҳамешагии хеш ҳамлавари тими миллии Аргентина ва дастаи “Барселона” Лионел Месси ва гаронарзиштарин футболбози сайёра Неймар пеш гузашта, беҳтарин футболбози соли 2017 шинохта шуд. Дар соли 2017 ӯ ҷоизадори Лигаи қаҳрамонҳо, Суперҷоми УЕФА ва Суперҷоми Испания гардид. Ҳамчунин дар ҳайати мунтахаби Португалия  ба марҳилаи финалии Ҷоми ҷаҳон – 2018 роҳхат пайдо намуд. Дар Ҷоми Конфедератсияҳо -2017  бошад, бо дастаи мунтахаби кишвараш ба гирифтани мақоми сеюм даст ёфт. Беҳтарин мураббии сол бошад, коршиноси фаронсавӣ Зинедин Зидан эътироф гардид.

Натиҷаҳои ҷоизаи ФИФА:

Футболбози беҳтарин: Криштиану Роналду

Футболбоздухтари беҳтарин: Лике Мартенс

Мураббии беҳтарин: Зинедин Зидан

Мураббии беҳтарин дар намуди футболи занона: Сарина Вигман

Дарвозабони беҳтарин: Ҷанлуиҷи Буффон

Голи беҳтарин: Оливйе Жиру

Мухлисони беҳтарин: мухлисони "Селтик"

Ҷоизаи Fair Play: Франсис Коне

Дастаи сол: Ҷанлуидҷи Буффон - Дани Алвес, Леонардо Бонуччи, Серхио Рамос, Марселу - Тони Кроос, Андрес Инйеста, Лука Модрич - Криштиану Роналду, Лионел Месси, Неймар.

ТВ Варзиш