БЕҲТАРИН КАДБОНУИ ДУШАНБЕ. Сокини ноҳияи Исмоили Сомонӣ Марҷона Ғуломова дар ҷамъбасти озмуни шаҳрӣ сазовори ҷойи аввал гардид

БЕҲТАРИН КАДБОНУИ ДУШАНБЕИмрӯз  бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  дар   назди «Нонпазхона»-и   ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт маросими  ҷамъбасти озмуни «Кадбону беҳтарин»  дар шаҳри Душанбе  баргузор гардид.    Бонуи ҳунарманд аз  ноҳияи Исмоили Сомонӣ Марҷона Ғуломова соҳиби ҷои аввал ва  ғолиби озмун дониста шуд.  Кадбонуи чирадаст  аз ноҳияи Шоҳмансур Марҷона Бозорова ҷойи дуюм  ва ҳунарманди  ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Гулҷаҳон Носирова  ҷойи сеюмро ишғол намуданд.    

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад,   дар  озмуни мазкур беҳтарин кадбонуҳо аз чор ноҳияи пойтахт, ки дар даври ноҳиявӣ ба гирифтани ҷойҳои аввал ноил гардиданд, иштирок намуданд. Довталабони озмун барои баҳо додан ба ҳунарашон таомҳои миллӣ, аз ҷумла, шакароб, қурутоб, фатирмаска, оши бурида,  туппа, далда, суманак, почашӯрбо, дангича, инчунин  маҳсулоти нонӣ -қатмол,  фатир, чагалдак, фатири қат-қат, чаппотӣ, кулчаҳои калону майда, гирдача ва ғайраҳоро тайёр намуда,  пешкаши   иштирокдорон гардониданд.

Дар маросими супоридани мукофот ба ғолибони озмун муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ иброз дошт, ки    ин озмун   бо мақсади иҷрои  Нақшаи баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 тасдиқ гардидааст ва ҷиҳати иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 1 апрели соли равон  роҳандозӣ мешавад.

Номбурда ҳамчунин иброз дошт, ки  «баргузор намудани чунин озмунҳо хеле муҳим аст, то ки ҷавонону наврасони мо  аз ҳунармандони беҳтарин  нозукиҳои ин  ҳунарро омӯзанд ва ба пухтупаз муҳаббат пайдо кунанд. Моро зарур аст, ки ин ҳунарро, ки аз гузаштагони хеш  ба мерос гирифтаем, ба насли нав омӯзем, то онҳо ба умқи фаромӯшӣ нараванд. Баргузор намудани чунин озмунҳо барои эҳё   ва рушди ҳунарҳои қадимаи тоҷикон   мусоидат менамояд».

Дар аввал   кадбонуҳои беҳтарин, ки берун аз озмун дар он  иштирок доштанд ва дар баргузории  ин маърака  фаъолнокӣ  нишон доданд — Фариштамоҳ Ашурова ва Зулайхо Ҳакимова бо «Сипоснома» -и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  ва дигар туҳфаҳо сарфароз гардиданд.

Сипас маросими супоридани мукофтотҳо ба ғолибони озмун сурат гирифт.

Сокинону меҳмонони пойтахт аз маҳсулоти пешниҳоднамудаи ҳунармандон тановул намуда, ба  маҳорати баланди  кадбонугии онҳо  баҳо баланд доданд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»