Бо иқдоми ширкати «Сомон Эйр» Маркази таълимии авиатсионӣ таъсис ёфт

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» барои мутахассисони авиатсионии ихтисосҳои гуногун Маркази таълимии авиатсионӣ (МТА) таъсис дод. МТА дар шаҳри Душанбе, дар саридораи ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ҷойгир шуда, кушодашавии он аз рушди фаъоли интиқолдиҳанда ва ҳавасмандии ширкати ҳавопаймоӣ ба омодасозии ҳайати кормандон ва таъмини бехатарии парвозҳо гувоҳӣ медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иттилоъ доданд.

«Маркази таълимии мазкур на танҳо барои ширкати ҳавопаймоии мо, дар умум барои авиатсияи тоҷик таъсис ёфтааст. Дарҳои мо барои кулли хоҳишмандон кушодаанд. Ифтихор аз он дорем, ки саҳми худро дар омода кардани кадрҳои касбӣ каме ҳам бошад мегузорем», — иброз дошт Директори генералӣ Томас В. Ҳаллам II.

Маркази таълимии авиатсионии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дорои сертификати Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои гузаронидани омӯзиш мебошад.

Маркази таълимии авиатсионӣ дар назди ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» курсҳои гуногуни омодагии ибтидоӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси ҳайати парвозии ҳавопаймо ва кормандони рӯизаминиро мегузаронад. Машғулиятҳо аз ҷониби омӯзгорони касбӣ, аз ҷумла дастурдиҳандагоне гузаронида мешаванд, ки таҷрибаи истифодаи ҳавопаймоҳои замонавиро дошта, дар марказҳои таълимии шуҳратманди ҷаҳон дарс омӯхтаанд. Маркази таълимии авиатсионии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ҳуқуқ дорад, ки ба омода кардани кормандони соҳаи авиатсия машғул шавад ва курсҳои такмили ихтисоси ҳайати парвозӣ ва сарнишинони ҳавопаймоҳои Boeing 737 Classic ва Boeing 737 Next Generation, ҳайати муҳандисию техникӣ, мутахассисони авиатсия, ки интиқолоти ҳавоӣ ва интиқоли борҳои хатарнокро тавассути нақлиёти ҳавоӣ амалӣ месозанд, дастурдиҳандагони ҳайати парвозӣ ва ҳайати сарнишинон, инчунин мутахассисон оид ба бехатарии авиатсиониро ташкил кунад.

Илова бар ин, МТА «Сомон Эйр» ҳуқуқ дорад вобаста ба омодагии ибтидоии дастурдиҳандагони ҳайати парвозӣ ва сарнишинони ҳавопаймоҳо, ҳамчунин омодагии рӯизаминии довталабон барои шомил шудан ба сафи сарҳавонавардони ҳавопаймо ва ҳайати парвозӣ машғулиятҳо гузаронад. МТА оид ба расмиёти садамавӣ-наҷотдиҳӣ, идора кардани захираҳои ҳайати парвозӣ, интиқоли борҳои хатарнок тавассути нақлиёти ҳавоӣ, ҳамчунин оид ба бехатарии авиатсионии мутахассисони соҳаи авиатсия курсҳои дахлдор манзур мекунад. Дар баробари машғулиятҳои назариявӣ ба курсҳои таълимӣ машғулиятҳои амалӣ низ дохил карда шудаанд, аз ҷумла машғулиятҳо оид ба тарки садамавии ҳавопаймо, хомӯш кардани сӯхтор дар дохили ҳавопаймо,  хизматрасонии мусофирон дар дохили ҳавопаймо, хизматрасонии бағоҷ, таъмини сӯзишворӣ ва ғайра.

Айни ҳол ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Германия, АМА, Туркия, Чин, Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон бомуваффақият иҷро мекунад. Парки ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз соли 2017 узви IATA мебошад.

АМИТ «Ховар»

Tags: