Боздошти 10 ронанда дар асоси муроҷиати шаҳрвандон

Бо вуҷуди аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт роҳандозӣ намудани як қатор рейду амалиётҳои пешгирикунанда ҷиҳати баланд бардоштани савияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар соҳаи роҳу нақлиёт, мутаассифона ҳанӯз ҳам ронандагоне ҳастанд, ки одитарин Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, ба вайрон намудани дағалонаи он даст мезананд. Чунин амали онҳо зидди муқарраротҳои қонунҳои амалкунанда мебошад, ки бо чунин кирдорашон дар баробари ба тамбашавии воситаҳои нақлиёт ва дигар монеаҳо эҷод намудан, ҳамзамон ҳаёту саломатии худ ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳро зери хатар мегузоранд.
  Хушбахтона имрӯзҳо дар ҷомеа нафарони зиёде ҳастанд, ки дар ин раванд худро дар канор нагирифта, ҷиҳати бартараф намудани чунин ҳолатҳо ба мақомоти милитсия мусоидат мекунанд.
  Боиси таҳсин аст, ки фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва истифодабарандагони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ, худро дар канор нагирифта, бод арки масъулияти шаҳрвандӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ баҳри пешгирии чунин амалу кирдорҳои номатлуб ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе муроҷиат менамоянд. Аз ҷумла як қатор истифодабарандагони фаъоли шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо ирсоли расми қоидавайронкунии ронандагон аз милитсияи пойтахт дархост намуданд, ки нисбати ронандагони онҳо чораҳои қонунӣ андешида шавад.
  Баъди ирсоли расми қоидавайронкунӣ ронандагони зерин аз ҷониби ШБДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мавриди санҷиш қарор дода шуданд, ки нисбати ҳар камоме аз онҳо мувофиқи қоидавайронкуниашон чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шуданд.
Аз ҷумла:

Бақоев Самандар Муминович – ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота-Кемрӣ, рақами қайди давлатиаш 0202 ВН 01

Ризвонов Баҳрулло Эмомович – ронандаи автомашинаи тамғаи Хундаи – Соната, рақами қайжи давлатиаш 7770 VV 01

Қудратуллои Ҳайдари – ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра, рақами қайди давлатиаш 2524 СЕ 01

Раҳимов Нурали Умаралиевич – ронандаи автомашинаи тамғаи Опел – Астра, рақами қайди давлатиаш 9111 СС 01

Ахмедов Алишер Каримович – ронандаи автомашинаи тамғаи Опел – Зефира, рақами қайди давлатиаш 7778 ХD 01

Собиров Меҳробуддин Шамсудинович – ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Бенс, рақами қайди давлатиаш 8863 РР 01

Ҳоҷиев Бурҳониддин Сафаралиевич – ронандаи автомашинаи тамғаи Опел – Астра, рақами қайди давлатиаш 2270 DD 07

Сафаров Аъзамҷон Мирзоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи Опел –Астра, рақами қайди давлатиаш 4283 СЕ 01

Ҳоҷиев Муҳибҷон Содиқович – ронандаи автомашинаи тамғаи Хундай, рақами қайди давлатиаш 6662 ТТ 05

Ҷабборов Абдулло Абдумаликович – ронандаи автомашинаи тамғаи Шкода, рақами қайди давлатиаш 8991 ТТ 01

Манбаъ: Сомонаи РАЁСАТИ ВКД дар шаҷри ДУШАНБЕ