БОЗИҲОИ ОСИЁ-2018: ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба самбо муайян шуд

Дар Бозиҳои 18-уми Осиё, ки аз 18 август то 2 сентябри соли равон дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия баргузор мегарданд, дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба самбо иштирок мекунад.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, мусобиқа оид ба самбо 31 август  то 1 сентябр дар шаҳри Ҷакарта аз рӯи 2 дараҷаи вазнӣ миёни мардон (-52 кг, -90 кг) ва 2 дараҷаи вазнӣ миёни занон (-48 кг, -68 кг) баргузор мешавад, ки варзишгарони мо дар ҳарду вазн миёни мардон ширкат мекунанд.

Дар вазнҳои -52 кг варзишгарони ҷавони тоҷик  Сомон Сангов, Ҷомии Ҳасан ва  дар вазнҳои -90 кг ду паҳлавони  шинохтаи тоҷик Комроншоҳ Устопириён   ва Умед Ҳасанбеков дар ин мусобиқа Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд.

Варзишгарони  тоҷикро  дар ин мусобиқаи варзишӣ  сармураббӣ Носир Бозоров ва президенти Федератсияи самбои Тоҷикистон Давлатмурод Наҳтуллозода ҳамроҳӣ мекунанд.

Бояд  зикр  кард, ки гӯштини самбо низ мисли кураш бори аввал ба барномаи Бозиҳои тобистонаи Осиё ворид карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар Бозиҳои осиёии дохили толор ва ҳунарҳои размӣ дар  шаҳри  Ашқободи Ҷумҳурии Туркманистон Ҷомии Ҳасан медали нуқра ва Умед Ҳасанбеков медали биринҷӣ ба даст оварда буданд.

АМИТ «Ховар»