Бозингарони дастаи «Хуҷанд» пас аз ғалаба бар дастаи «Истиқлол» Ҷоми Тоҷикистон-2021-ро болои сар бардоштанд

Имрӯз дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и  шаҳри Хуҷанд  бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон-2021 миёни чемпиони ҳашткаратаи Тоҷикистон- дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри  Душанбе бо барандаи медалҳои нуқраи чемпионати кишвар — дастаи футболи   «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  бо ҳузури  шумораи  зиёди мухлисони футболи тоҷик дар сатҳи баланд баргузор гардид, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон. 

Дар  ин бозии ҷолиб дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 2:0   дастаи  футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанберо мағлуб намуда,   баъди чандин соли инитзориҳо билохира ба унвони Ҷоми Тоҷикистон-2021 сарфароз гардид. Дар ин рақобати ҳассос ғолиб дар вақти асосӣ муайян нашуд. Дар қисмҳои иловагӣ футболбозони дастаи «Хуҷанд» ба задани 2 гол даст ёфтанд. Голи якумро дар дақиқаи 105-ум Ҳоҷибой Зиёев ба нишон  расонид. Дар дақиқаи 117-ум Артём Сердюк голи дуюмро вориди дарвозаи  дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  намуд.   Бо ҳамин дастаи футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ғолиби Ҷоми Тоҷикистон дар соли 2021 гардид.

Хотиррасон  мешавем, ки  дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  дар таърихи мавҷудияташ 8 маротиба —солҳои 2009, 2010, 2013, 2014, 2015, 2016, 2018 ва 2019, дастаи футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд шаш  маротиба – солҳои 1997/1998, 2002, 2008, 2017  ва 2021 ғолиби Ҷоми Тоҷикистон гаштаанд.

Ҷоми Тоҷикистон-2021

Финал

9 декабр (панҷшанбе)

 «Истиқлол» — «Хуҷанд» 0:2

Голҳо: Ҳоҷибой Зиёев, 105 (0:1). Артём Сердюк, 117 (0:2).

Довари марказӣ: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе)

Ёварон: Ҳасан Каримов, Исмоил Нуралиев (ҳарду аз Норак).

Довари эҳтиётӣ: Ҳамза Шоймардонов (Хуросон).

Доварони иловагӣ: Насрулло Кабиров (Норак), Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Нозири доварон: Насриддин Азизов (Қубодиён).

Комиссари бозӣ: Ҷамшед Исмоилов (Душанбе).

Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

АМИТ «Ховар»