Чор кӯдаки ноболиғ аз Ҷумҳурии Арабии Сурия ба Ватан баргардонида шуданд

Бо мақсади  иҷрои супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба Ватан баргардондани шаҳрвандони Тоҷикистон аз минтақаҳои ҷангзадаи Шарқи Наздик субҳи 26 майи соли 2018 Вазорати корҳои хориҷӣ дар ҳамоҳангӣ бо ниҳодҳои дахлдори кишвар чор кӯдаки ноболиғро аз Ҷумҳурии Арабии Сурия ба Ватан баргардонид.

Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Вазорат бо дарназардошти зарурати ҳимояи ҳуқуқи атфол ва риояи ҷанбаҳои ахлоқӣ аз ифшо намудани номи бозгардондашудагон ва пешниҳоди тафсилоти бештар худдорӣ менамояд.

​АМИТ "Ховар"