Сарфароз гардонидани кормандони Кумитаи телевизион ва радио бо нишони «Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон»

Бо фармони Раиси Кумитаи телевизион ва радио Маҳмадсаид Шоҳиён як қатор кормандони Кумита, ки дар инъикоси чорабиниҳои вобаста ба ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ саҳми арзандаи худро гузоштанд, бо нишони сарисинагии «Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон», «Ифтихорнома» - и Кумитаи телевизион ва радио ва мукофотпулӣ мукофотонида шуданд.

Кормандоне, ки ба гирифтани нишони сарисинагии «Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон» сазовор гардиданд:

1. Буттабекова Сафармо – сардори идораи телевизион ва радиои ВМКБ

2. Давлатов Шамсулло – саркоргардони «Телевизиони Тоҷикистон» 

3. Ризвонов Тоҷиддин – муҳаррири варзидаи бахши арабии шабакаи «Овози тоҷик» - и Радиои Тоҷикистон

4. Юнусов Тоҷиддин – муовини сардори сехи танзим ва таҷҳизоти телевизионии Маркази техникии телевизион ва радиои ҷумҳуриявӣ

Кормандоне, ки ба гирифтани «Ифтихорнома» - и Кумитаи телевизион ва радио сарфароз гардиданд:

1. Қурбоналӣ Сафаралӣ – муовини директории Маъмурияти ҷалби дастаҳои ҳунарӣ

2. Раҳмонов Имомалӣ – роҳбари бадеии ансамбли рақсии «Гулрез»

3. Паллаева Фотима – мухбири махсуси Радиои Тоҷикистон дар ВМКБ

4. Таушаров Суҳроб – муҳандиси Маркази интиқоли мавҷҳои радио ва телевизиони №1-и ҶСК «Телерадиоком»

5. Мақсудов Эраҷ-  муҳандиси Маркази интиқоли мавҷҳои радио ва телевизиони №3-и ҶСК «Телерадиоком»

6. Қосимов Шодмон – сармутахассиси шуъбаи дизайн ва ороиши компютерии Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон – Баҳористон»

7. Хайруллозода Зафар – сардори басти сехи танзим ва сабти барномаҳои берун аз студиявии Маркази техникии телевизион ва радиои ҷумҳуриявӣ

8. Қурбонов Шуҳрат – наворбардори «Киностудияи Тоҷикфилм»

9. Раҷабов Масрур – муҳаррири варзидаи шуъбаи филмҳои тасвирии ТВ «Синамо»

10. Бобокалонова Зариндухт – муҳаррири варзидаи идораи барномаҳои иттилоотии Муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш»

Tags: