COVID-19 ДАР ИДМ. Зиёда аз 2 ҳазор нафар дар Қазоқистон ба коронавирус мубтало шудаанд

Ба ҳолати соати 10:30-и имрӯз дар Қазоқистон шумораи шахсони гирифтор ба навъи нави коронавируси COVID-19 30 нафар зиёд шуда, 2 025 касро ташкил медиҳад. Теъдоди беморони шифоёфта дар ин давлат 489 нафар ва шумораи фавтидагон 19 кас мебошад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти охирини Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.

Дар ду давлати дигари Осиёи Марказӣ — Ӯзбекистон ва Қирғизистон низ имрӯз шумораи мубталоён мутаносибан 14 ва 22 нафар зиёд шуда, дар маҷмӯъ 1 692 ва 612 нафарро ташкил медиҳад. Дар Ӯзбекистон беморони шифоёфта 357 нафарро ташкил дода, 6 каси дигар вафот кардаанд. Дар Қирғизистон 254 нафар табобат шуда, 7 кас фавтидаанд.

Миёни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Россия, ки дар ҷаҳон аз рӯи шумораи сирояётфтагон дар ҷойи 10-ум қарор дорад, 52 763 нафар ба коронавирус мубтало шуда, аз онҳо 3 873 кас шифо ёфтаанд ва 456 тан фавтидаанд.

Дар Беларус ва Украина, ки дар ҳудуди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)  баъд аз Россия шумораи зиёди ҳолатҳои сироятёбӣ ба ин бемориро ба қайд гирифтаанд, мутаносибан 6 723 ва 6 125 нафар ба коронавирус мубтало шудаанд. Дар Беларус 55 нафар фавтида ва 577 кас шифо ёфтаанд. Дар Украина нисбат ба Беларус шумораи ҳолатҳои фавт зиёдтар буда, 161 нафарро ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар он 367 нафар табобат шуда, ба манзили зист баргаштанд.

Дар Молдова 2 614 ҳолати сироятёбӣ тасдиқ гардида, аз онҳо 505 нафар шифо ёфтаанд ва 72 каси дигар вафот кардаанд.

Шумораи беморони гирифтор ба навъи нави коронавируси COVID-19 дар Арманистон 1 401 нафар ва дар Озарбойҷон 1 480 кас мебошад. Дар Арманистон 609 нафар ва дар Озарбойҷон 865 кас табобат шудаанд. Дар ин ду давлат мутаносибан 24 ва 20 нафар фавтидаанд.

Миёни давлатҳои ИДМ то имрӯз танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи мубталоён ба коронавирус 1 092 нафарро ташкил медиҳад, ки 150 нафари онҳо шифо ёфта, 36 тани дигар вафот кардаанд.

Тибқи маълумоти нави СУТ, ҳамагӣ дар ҷаҳон 2 миллиону 557 ҳазору 837 нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора 177 ҳазору 674 нафар вафот карда, 695 ҳазору 262 кас шифо ёфтаанд ва 57 ҳазору 253 тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ба ҷуз аз Россия ҳамчунин ИМА (819 175 нафар), Испания (204 178), Италия (183 957), Франсия (158 050), Германия (148 453), Британияи Кабир (129 044), Туркия (95 591), Эрон (84 802) ва Чин (82 788) дохил мешаванд.

Бояд гуфт, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард ва имрӯз дар бораи 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

АМИТ «Ховар»

Tags: