Дар ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони кишварҳои аъзои ИДМ беш аз 10 масъала баррасӣ гардид

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони кишварҳои аъзои ИДМ таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода доир гардид, ки дар он беш аз 10 масъалаи вобаста ба ҳамкорӣ миёни кишварҳои аъзо дар самтҳои гуногун мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ҷаласаи сарони ҳукуматҳо сарвазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва роҳбарони ҳайатҳои дигар кишварҳои аъзои Иттиҳод оид ба масъалаҳои марбут ба  ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисоду тиҷорат ва фарҳанг, ҷараёни гуфтушунид оид ба  лоиҳаи Созишномаи савдои озод ва хизматрасонӣ ва баргузории ҷаласаи доимии Шўрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил мубодилаи афкор намуданд.

Ба рўзномаи кори ҷаласа беш аз 10 масъала, аз ҷумла:

-Дар бораи Созишнома дар хусуси шаклдиҳӣ ва рушди бозори шахсии неруи зеҳнии  кишварҳои иштирокчии ИДМ;

-Дар хусуси Консепсияи ҳамкории кишварҳои иштирокчии ИДМ дар самти рушди инноватсионии энергетика ва коркарди технологияи энергетикии пешқадам ва нақшаи пешакии чорабиниҳо барои амалисозии он;

-Дар хусуси созишномаи ҳамкории кишварҳои иштирокчии ИДМ дар самти коркарди пасмондаҳои дастгоҳҳои электронӣ ва электротехникӣ;

-Созишнома дар хусуси паҳнкунии ҳуҷҷатҳо дар хусуси стандартҳои байнидавлатӣ;

-Дар хусуси ворид намудани тағйирот дар хусуси ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ дар самти гумрук аз 15 апрели соли 1994;

-Дар хусуси коркард ва маблағгузории лоиҳаҳои инноватсионии байнидавлатӣ  дар чорчӯбаи барномаи инноватсионии байнидавлатии кишварҳои аъзои ИДМ то давраи соли 2020;

-Дар бораи маҷмӯаи амали муштараки кишварҳои узви ИДМ  дар хусуси пешгирӣ  ва мубориза бо ҳорӣ дар давраи то соли 2025;

-Дар хусуси натиҷаҳои тафтиши молиявӣ-хоҷагидории фаъолияти ниҳодҳои Иттиҳод дар соли 2017 ва маблағгузории буҷавии сохторҳои ИДМ;

-Дар хусуси баргузории ҷаласаи муаллимон ва кормандони соҳаи маорифи кишварҳои аъзои ИДМ;

-Дар хусуси лоиҳаи байналмилалии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ «100 ғоя барои ИДМ»  ва

-Дар хусуси ворид намудани тағйирот дар хусуси котиботи Шўрои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои ИДМ ворид гардида буд.

Ёдовар мешавем, ки аз 1 январи соли 2018 раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст.

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои роҳбарони ҳукуматҳо-сарвазирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Раиси Кумитаи иҷроия — котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев, Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев, Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Андрей Кобяков, Сарвазири Ҷумҳурии Ўзбекистон Абдулло Орипов, Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бахитжан Сагинтаев, Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Муҳаммадкалӣ Абилгазиев, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Арарат Мирзоян, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Ягуб Эюбов ва муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон, Вазири корҳои хориҷии ин кишвар Рашид Мередов иштирок намуданд.

Баъди имзои санадҳо ва мулоқоту музокирот дар ҳайати хосса ва ҳайатҳои васеъ  бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси Кумитаи иҷроия-Котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар нишаст натиҷаи ҷаласаи навбатӣ ва нақшаву пешниҳодҳо барои фаъолияти минбаъда қаноатбахш  арзёбӣ карда шуд.

АМИТ "Ховар"