Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Ҳисор «Корвони саломатӣ» ба сокинон хизмати ройгон расонид

«Корвони саломатӣ» –и соҳаи тандурустии шаҳри Ҳисор зери шиори «Солимии модар ва кӯдак дар деҳот» бо иштироки зиёда аз 12 нафар мутахассисони ботаҷриба бо дастгоҳҳои  замонавии тиббӣ  ба сокинони  ҷамоати деҳоти Мирзо Ризои шаҳр хизмати ройгони тиббӣ расонид.

Тибқи иттилои  роҳбари муассисаҳои кумаки аввалини тиббӣ дар шаҳри Ҳисор  Анвар Азамов, «Корвони саломатӣ» дар марказҳои саломатии 12 ҷамоати шаҳраку деҳоти шаҳр мувофиқи нақша ба аҳолӣ хизмати тиббӣ расонид.

Корвони саломатӣ бо мақсади пешгирии беморшавии аҳолӣ ва баланд бардоштани фарҳанги тиббии ҷомеа дар доираи татбиқи ҳадафҳои бунёдии «Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайри сироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2023 гузаронида шуд.

Ҳамчунин зикр шуд, ки сафари мутахассисони ботаҷриба ба ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр имконият медиҳад, ки сокинон аз маҳалли худ берун нарафта, ташхису машварат гиранд.

Анвар Азамов мегӯяд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2018 бо маблағи 43 540 сомонӣ ба маъюбону оилаҳои камбизоат ва  25 нафар беморони гемофилия ба таври ройгон хизмати тиббӣ расонида шуд.

Ҳамчунин соли сипаригардида КАТС-и шаҳри Ҳисор барои сари вақт расонидани кумаки аввалини тиббӣ   бунгоҳҳои тиббию марказҳои саломатии деҳотро бо 95 105 сомонӣ  маводи доруворӣ таъмин намуд.  Соли 2019 барои таъмини амнияти саломатии сокинони шаҳр ва расонидани кумакҳои аввалини тиббию табобатии беморони гемофилия 221 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

АМИТ «Ховар»