Дар ҷумҳурӣ 13 корхонаи истеҳсоли семент фаъолият мекунанд

Дар ҷумҳурӣ 13 корхонаи истеҳсоли семент бо иқтидори солонаи 4,7 миллион тонна фаъолият дошта, дар ду моҳи соли 2017 197,3 ҳазор тонна семент истеҳсол намуданд, ки назар ба ду моҳи соли гузашта 7,0 ҳазор тонна зиёд мебошад. Дар ин бора аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бо зиёд шудани истеҳсоли семент ҳаҷми воридоти он кам ва содироти он ба роҳ монда шуда, дар ин давра 60,2 ҳазор тонна ба ҷумҳуриҳои Афғонистон (53,8 ҳазор тонна), Ӯзбекистон (6,2 ҳазор тонна) ва Қирғизистон (160 тонна) содир гардидааст.
Содироти семент аз тарафи ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент», «Чунгтсай Моҳир семент-и ноҳияи Ёвон ва «Хуаксин Ғаюр Суғд семент»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров амалӣ шудааст.
Соли 2017 бунёди корхонаҳои истеҳсоли семент дар шаҳри Конибодом аз ҷониби ҶДММ «Билол Суюлин семент» бо иқтидори 200,0 ҳазор тонна ва истеҳсоли халта дар ноҳияи Ёвон бо иқтидори 80,0 миллион дона бо таъсиси 170 ҷойи нави корӣ пешбинӣ шудааст.

АМИТ "Ховар"

 

Tags: