Дар Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ дар Душанбе зиёда аз 50 000 нафар иштирок намуд

майи соли равон  бахшида ба Рӯзи  ҷавонони  Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии   шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт   13-умин  Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ доир гардид.

Тавре шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН  хабар медиҳад, дар Дави миллӣ дар пойтахт зиёда  50 000 нафар иштирок намуданд.

Иштирокдорони  чорабинии мазкурро сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Лутфия Абдухолиқзода, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода шодбош гуфтанд.

Дар чорабинии мазкур қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016 Дилшод Назаров, ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон-2012 Мавзуна Чориева ва дигарон иштирок намуданд.

Мавриди зикр аст, ки Дави миллӣ бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ аз соли 2007, ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май, пешорӯи санаи фархундаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (23 май) дар саросари ҷумҳурӣ  баргузор мегардад ва сафи иштирокдорони он  сол то сол меафзояд.

Бояд ёдовар шуд, ки дар шаҳри Душанбе соли дуюм аст, ки дар баробари Дави миллӣ марафони велосипедронӣ дар як сатҳи баланд ва  хотирмон доир  мегардад.

Ёдрас мешавем, ки кормандони Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»      низ     дар ин мусобиқаҳои варзишӣ  фаъолона  иштирок намуданд.

АМИТ «Ховар»