Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон доир мегардад

Дар назар аст, ки охири моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардад ва ҳоло омодагиҳо дар ин самт идома доранд. Ин нукта зимни вохӯрии  Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва муовини якуми Вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Лазиз Қудратов, муовини Вазири иқтисод ва паст кардани сатҳи камбизоатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Акмалхон Ортиқов, ки 18 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо инчунин вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла зиёд намудани нишондиҳандаҳои ҳаҷми гардиши савдои дуҷониба, таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ намуданд.

Зикр гардид, ки ба шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Сарони ду давлат ҳамкории стратегӣ босуръат рушд карда истодааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: