Дар Душанбе дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Афғонистон баррасӣ гардид

Дирӯз муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбарро ба ҳузур пазируфт.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Афғонистон ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуда, перомуни раванди сулҳи Афғонистон табодули афкор сурат гирифт.

АМИТ «Ховар»

Tags: