Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоя ба рушди инфрасохтори сайёҳии Тоҷикистон бо гурӯҳи сармоягузорони Россия баррасӣ гардид

Рушди ҳамкории дуҷониба барои ҷалби сармоя ба рушди инфрасохтори сайёҳии Тоҷикистон  дар мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода бо гурӯҳи намояндагони Ассотсиатсияи байналмилалии корпоратсияи сармоягузорон ва соҳибкорони рушди иқтисоди хориҷии Федератсияи Россия мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре ба АМИТ “Ховар” аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабабр доданд, дар мулоқот зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби сармоя фазои якхеларо барои сармоягузорони дохилию хориҷӣ фароҳам овардааст  ва дар ин самт имтиёзу ҳавасмандгардониҳои  зиёд низ муқаррар шудааст.

Ҳамчунин ба соҳибкорони русиягӣ  вобаста ба самтҳои  афзалиятноки сайёҳӣ дар кишвар,  аз ҷумла  сайёҳии зимистона, лижатозию солимгардонӣ, экологию табобатӣ, аграрӣ ва гастрономӣ маълумот дода шуд.

Ёдрас мешавем, ки бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 12 то 18 апрели соли ҷорӣ намояндагони Ассотсиатсияи байналмилалии корпоратсияи сармоягузорон ва соҳибкорони рушди иқтисоди хориҷии Федератсияи Россия бо мақсади шиносоӣ ва сармоягузорӣ намудан ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Душанбе ташриф оварда, бо роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор мулоқоту вохӯриҳо анҷом дода истодаанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: