Дар Душанбе машқҳои тактикии якҷояи сохторҳои махсуси Тоҷикистону Чин идома доранд

Тавре қаблан хабар дода будем, аз 17 то 20 август машқҳои тактикии якҷояи сохторҳои махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардуми Чин баргузор мегарданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати коҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

18 август дар варзишгоҳи «Спитамен»-и Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД маросими кушодашавии машқҳои тактикии якҷояи сохторҳои махсуси ВКД бо Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шароити кӯҳсор оид ба мубориза бар зидди терроризм, инчунин мубориза бо дигар намудҳои ҷиноятҳои муташаккил доир гардид.

Машқҳои мазкур бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилии ҶТ полковники милитсия Саиднахш Раҳмонзода ифтитоҳ гардид. Зикр карда шуд, баргузор гардидани машқҳои якҷояи тактикӣ ба он хотир рохандозӣ гардидааст, ки байни кормандони воҳидоти таъиноти махсуси милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Вазорати бехатарии ҷамъиятии кишвари ҳамсоя мубодилаи таҷриба сурат гирифта, кадрҳои баландихтисоси соҳавӣ омода гарданд.

Дар идома байни намояндагони сохторҳои қудратии ин ду кишвар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, аз қабили варзиши сабук доир гардид.

АМИТ «Ховар»

Tags: