Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2022» ба кори худ шурӯъ намуд

ТВТ. 24.06.2022. 24-уми июн дар муҷтамаи «Манеж»-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2022» ба кори худ оғоз намуд. Намоишгоҳ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати ҶТ ва бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуда, то 26 июн идома меёбад.

Дар Намоишгоҳ молу маҳсулоти зиёда аз 70 ширкату корхонаҳои ватанӣ ва хориҷӣ ба намоиш гузошта шудаанд.

Мақсад аз баргузории намоишгоҳ муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ, ворид намудани технологияи нав, ҷалби сармоя ва таъсиси корхонаҳои муштарак мебошад.

Дар доираи баргузории Намоишгоҳ инчунин ярмарка-фурӯши маҳсулоти босифати ғизоӣ ва саноатӣ барои меҳмонон ва сокинон бо нархҳои дастрас ташкил карда мешавад.

Манбаъ:АМИТ «Ховар

Tags: