Дар Италия заминларзаи шадиди навбатӣ рух дод

Дар маркази Италия шаби панҷшанбе соати 01:35 ба вақти маҳаллӣ (05:35 вақти Душанбе) заминларзаи шадиди навбати рух дод, ки такони он дар Рим низ баръало эҳсос карда мешуд. Дар ин бора хабарнигори АИР «Новости» иттилоъ медиҳад.
Бино ба маълумоти Донишкадаи геофизикӣ ва вулқоншиносии Италия, шиддатнокии ин заминларза 4,8 баллро ташкил дода, маркази он дар музофоти Мачерати ҷойгир будааст. Ҳамзамон то ҳол дар бораи қурбониён ва хисорот иттилоъ нарасидааст.
Ёдовар мешавем, ки дар се моҳи охир дар қисмати марказии Италия се заминларзаи шадид ба қайд гирифта шуд. Заминларзаи аввал бо қувваи 6,0 балл рӯзи 24 август рух дод, ки бар асари он 298 нафар ҳалок гардиданд. Шоми 26 октябр силсилаи таконҳои зеризаминӣ ба вуқуъ пайвастанд, ки шиддатнокии пуриқтидортарини онҳо 5,9 баллро ташкил дод. Ҳамчунин 30 октябр зилзиласанҷон заминларзаи навбатии шиддатнокиаш 6,5 баллро ба қайд гирифтанд, ки боиси харобаҳо дар 100 маҳалли аҳолинишини 4 вилояти Италия Марке, Умбрии, Латсио ва Абруссио гардид.

Tags: