Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон китоби «Бонувон дар сиёсат» муаррифӣ гардид

Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муаррифии китоби «Бонувон дар сиёсат»-ро дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор кард.
Тавре аз Китобхонаи миллӣ хабар доданд, ҳамоиш бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, сиёсатмадорон, бонувони номвари кишвар, аз ҷумла Раъно Бобоҷониён, Хайриниссо Юсуфӣ, Идигул Қосимова, Марҳабо Ҷабборӣ, Гулрухсор Сафиева ва Руқия Курбонова доир шуд. Ҳамоиши мазкур ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида шуд.
«Китоби «Бонувон дар сиёсат» бо ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нашр гардида, дар он дар бораи беш аз сад нафар бонувони кишвар, ки дар мансабҳои баланди хизмати давлатӣ фаъолият намудаанд, маълумот дода мешавад»,-зикр кард манбаъ.
Ҳадафи китоби мазкур нишон додани нақши боризи занон дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ, рушди саноат, кишоварзӣ, фарҳанг ва варзиш дар Тоҷикистон аст.

АМИТ «Ховар»

Tags: