Дар ноҳияи Ишкошим машқҳои муштараки зиддитеррористӣ бо ширкати қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистону Чин баргузор мешаванд

Таҳти Раёсати раиси вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед дар комиссариати ҳарбии вилоят ҷамъомади мудофиавии ҳудудӣ дар робита ба машқҳои муштараки амалиёти тактикӣ бо қӯшунҳои гарнизони Хоруғ ва минтақаи мудофиаи ҳудудии рақами 2 бо ҷалби ҷузъу томҳои Артиши озодихоҳи халқии Чин баргузор гардид.
Дар ҷараёни ҷамъомад масъалаи машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва машқҳои муштараки зиддитеррористӣ, ки дар машқгоҳи низомии Шитарви ноҳияи Ишкошим баргузор мегарданд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Гуфта шуд, ки баргузории ин машқҳо чорабинии нақшавӣ буда, он аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 15 июни соли 2016 тасдиқ гардидааст. Яке аз ҳадафҳои асосии доир намудани машқҳо- боз ҳам мустаҳкам кардани хати марз дар робита ба авзои ноамни кишвари ҳамсояи Афғонистон ва пешгирии хатарҳои беруна ба кишвари Тоҷикистон мебошад. Азбаски ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон бо Бадахшони Афғонистон марзи тӯлонӣ дорад ва ин вилоят ба макони буду боши терроризми байналмилалӣ табдил ёфтааст, зарур шумурда шуд, ки машқҳо маҳз дар ҳамин ҳудуд баргузор гарданд.
Дар машқҳои мазкур ҳамчунин раисони шаҳру навоҳии вилоят, раҳбарияти Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ ширкат меварзанд.
Машқҳои муштарак 20 октябр оғоз ёфта, то 24 октябр идома меёбанд.

Tags: